Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бо дастгириҳои бевоситаи раиси шаҳр Абдулмаҷид Муминзод ба Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Бохтар як адад автомашинаи ёрии таъҷилии тамғаи FOTON G7, ки бо тамоми лавозимоти зарурии соҳавӣ муҷаҳҳаз мебошад, тақдим гардид.
Зимни маросими супоридани калиди автомашина раиси шаҳр таъкид намуданд, ки беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, бахусус ёрии таъҷилӣ, яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, ба масъулони соҳа ҷиҳати истифодаи самараноки техникаи нав, вокуниши саривақтӣ ба муроҷиатҳои шаҳрвандон ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Қайд гардид, ки автомашинаи мазкур бо маблағи 330 ҳазор сомонӣ аз буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар харидорӣ гардидааст ва ба беҳтар гардидани фаъолияти Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ ва расонидани кӯмаки фаврӣ ба сокинон мусоидат хоҳад кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь