Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории шарикони рушд бо харҷи 10,5 миллион сомонӣ Маркази саломатии шаҳри Бохтар пурра бозсозӣ карда мешавад.
Амонулло Сафаров, муҳандис, сохтмончии Лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон”, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба “Фараҳ” гуфт, ки таъмири ин марказ бо маблағгузории гранти Бонки умумииҷаҳонӣ дар доираи Лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” дар мӯҳлати 1 солу 8 моҳ пурра таъмири асосӣ карда мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ин лоиҳа лифтҳои маркази саломатӣ фаъол карда шуда, системаи ягонаи гармидиҳӣ роҳандозӣ карда мегардад.
Айни замон корҳои сохтмонӣ дар ин марказ бомаром идома дошта, дар корҳои сохтмонии он даҳон нафар сохтмончиён он ҷойи кор таъмин гардидаанд.

Бохтар: Маркази саломатӣ таъмир мешавад
Блоки рекламавӣ


