Роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон хонандаи мактаберо дар шаҳри Бохтар, ки писарбачаи дусоларо аз ғарқшавӣ наҷот дод, қадршиносӣ намуд.
Хонандаи синфи даҳуми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и шаҳр писарбачаи дусоларо, ки ба дарё афтода, дар ҳолати ғарқшавӣ қарор дошт, наҷот дод. Ҳодиса тақрибан соати 11:30 дақиқаи рӯз рух дод.
Шоҳиди воқеа Юсуфҷонов Зоир Умедҷонович соли таваллудаш 2009, сокини шаҳри Бохтар мебошад, ки бо дидани манзараи ба дарё афтидани кӯдаки дусола худро ба дарё партофта, фавран ба кӯмак шитофт.
Ба шарофати амалҳои саривақтӣ, ҷасорат, иродаи устувор ва нишон додани оини ҷавонмардиву инсонпарварона аз ҷониби Зоир Юсуфҷонов писарбачаи хурдсол Додозода Додоҷон, соли таваллудаш 09.05.2024, сокини кӯчаи Гулистони шаҳри Бохтар аз об берун оварда шуда, ба беморхона интиқол дода шуд.
Баъди гирифтани ёрии тиббӣ ва ташхису табобат айни замон саломатии писарбачаи хурдсол хуб арзёбӣ мешавад.
Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон барои масъулияти шаҳрвандӣ ва наҷот додани ҳаёти инсон ба Юсуфҷонов Зоир Умедҷонович изҳори сипос намуда, ӯро бо Сипоснома ва як адад планшет қадрдонӣ намуд.

Бохтар: Хонандаи мактаб кӯдаки дусоларо аз ғарқшавӣ наҷот дод
Блоки рекламавӣ


