Дирӯз дар МТМУ ба номи М.В. Ломоносови шаҳри Бохтар бо иштироки раиси шаҳр Абдулмаҷид Муминзод, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, собиқадорони соҳаи маориф, омӯзгорону хонандагон Рӯзи омӯзгорон таҷлил гардид.
Дар оғози чорабинии раиси шаҳр ба чанд нафар омӯзгорони собиқадорони соҳаи маориф тӯҳфа супорид.
Раиси шаҳр ва сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон зимни суханронии худ ҳамаи омӯзгоронро ба Рӯзи омӯзгорон табрику таҳният гуфта, аз дасгириҳои Роҳбари роҳбари давлат ба соҳаи маориф ёдовар шуданд.
Дар идомаи чорабини шаҳрдор ва сардори Раёсат ба чанд нафар омӯзгорони шаҳр, унвони Аълочии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сипосномаи Вазорат, мақомоти маҳаллӣ ва Раёсати маорифи вилоят супорида шуд.
Ҳамзамон ба беш аз 60 нафар омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар тӯҳфаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар тақдим гардид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь