Шаҳри Бохтар — маркази маъмурии вилояти Хатлон, ба яке аз майдонҳои бузурги корҳои созандагӣ табдил ёфтааст. Дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр садҳо иншооти нав бунёд гардида, симои он тадриҷан нав мешавад.
Аз 300 иншооти таъйиноти гуногун, ки дар доираи омодагӣ ба ҷашни миллӣ ба нақша гирифта шуда буд, то имрӯз 270 адад ё 90 дарсади онҳо сохта шуда, ба истифода дода шудаанд.
Раиси шаҳри Бохтар Муминзод Абдулмаҷид зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки барои татбиқи корҳои ободонию бунёдкорӣ нақшаи васеи чорабиниҳо таҳия гардида, маблағи умумии он 1 миллиарду 183,2 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Танҳо дар соли ҷорӣ сохтмони 54 иншооти нав пешбинӣ гардида, то 1 июли соли 2026 аллакай 25 иншоот бо арзиши умумии 169,3 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтааст. Иншооти мазкур на танҳо ба рушди инфрасохтор, балки ба фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ низ мусоидат намудаанд — 135 ҷойи кори доимӣ ва 350 ҷойи кори муваққатӣ таъсис ёфтааст.
Дар баробари ин, корҳои сохтмонӣ дар дигар иншооти боқимонда идома доранд. Ҳадафи масъулони шаҳр — истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо дастовардҳои намоён, муҳити обод ва шаҳри боз ҳам зебову муосир мебошад.
Бохтар — шаҳри созандагӣ, ки ҳар иншооти нав дар он як қадами дигар ба сӯи рушди устувор аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь