Аз Бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар иттилоъ доданд, ки дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 дар шаҳри Бохтар сохтмони бинои сеошёнаи иловагӣ барои 1280 хонанда дар ду баст, оғоз гардид. Дар доираи лоиҳа сохтмони 26 синфхонаи таълимӣ, 2 синфхонаи лабораторӣ, 2 синфхонаи таълими меҳнат, толори варзишӣ барои 185 нафар, ошхона барои 232 нафар, маҷлисгоҳ барои 360 нафар ва инчунин осорхонаи муассиса дар назар дошта шудааст.
Қайд гардид, ки дар маҳаллаи “Ҳоҷӣ Шариф” дар масоҳати 3 гектар замин барои 1280 хонанда дар ду баст аз ҷониби “Бунёди миллӣ” муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад.
Гуфта шуд, ки рӯзҳои наздик аз ҳисоби буҷети шаҳр дар назди мактаби 2 сохтмони бинои иловагӣ оғоз мегардад.
Шоиста Абдуназарзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар гуфт, ки МИҲД- и шаҳри Бохтар нақша дорад 10 муассисаи томактабӣ барои беш аз 1 ҳазору 520 нафар кӯдакон бунёд намояд.
Ӯ гуфт, ки аллакай бо иштироки раиси шаҳр сохтмони як кӯдакистон барои 200 нафар тарбиятгиранда оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ бомаром идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь