Дар шаҳри Бохтар татбиқи лоиҳаи муҳими «Шаҳри бехатар» оғоз гардида, он ба баланд бардоштани сатҳи амнияти ҷамъиятӣ, таъмини ҳаракати бехатару мунтазами воситаҳои нақлиёт, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар идоракунии ҳаракати роҳ равона шудааст. Шаҳрдори Бохтар зимни яке аз нишастҳои хабарӣ дар ин бора иттилоъ дода буд, ки моҳҳои назди шаҳри бехтар дар шаҳр ба кори худ оғоз мекунад.
Бо ин мақсад имрӯз аз Ҷумҳурии Мардумии Чин шумораи зарурии сутунпояҳо, чароғакҳои муосири рақамии роҳнамо, камераҳои мушоҳидавӣ ва зиёда аз 25 ҳазор метр ноқилҳои барқӣ ба шаҳри Бохтар ворид карда шуданд.
Таҷҳизоти мазкур дар кӯчаҳои марказӣ, чорроҳаҳо, роҳҳои асосии дохилишаҳрӣ ва дигар мавзеъҳои муҳими шаҳр насб гардида, заминаи татбиқи пурраи низоми муосири «Шаҳри бехатар»-ро фароҳам месозад.
Масъулин таъкид мекунанд, ки баъди анҷоми корҳои васлу насб низоми нави назорат ва идоракунии ҳаракати нақлиёт ба истифода дода мешавад. Ин иқдом ба танзими самараноки ҳаракат, баланд бардоштани сатҳи амнияти ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва коҳиш додани садамаҳои нақлиётӣ мусоидат хоҳад кард.
Тибқи нақша, дар рӯзҳои наздик корҳои васлу насби таҷҳизоти воридшуда оғоз гардида, пас аз ба истифода супоридани онҳо сатҳи хизматрасонии инфрасохтории шаҳри Бохтар ба марҳилаи нави рушд ворид мегардад. Амалӣ гардидани лоиҳа барои сокинону меҳмонони шаҳр муҳити боз ҳам амну осуда, муосир ва бароҳат фароҳам хоҳад овард.
Бояд гуфт, ки татбиқи пурраи лоиҳаи «Шаҳри бехатар» бо дастгирӣ ва маблағгузории соҳибкорони ватандӯсти шаҳри Бохтар амалӣ гардида, саҳми онҳо дар рушди инфрасохтор, ободонии шаҳр ва таҳкими амнияти ҷамъиятӣ намунаи арзандаи масъулияти иҷтимоӣ ва ҳамкории самаранок бо мақомоти маҳаллӣ мебошад
Раҳмоналӣ Додархӯҷаев
Шаҳри Бохтар

Бохтар ба сӯи «Шаҳри бехатар»: таҷҳизоти муосир барои татбиқи лоиҳа ворид шуд
Блоки рекламавӣ


