Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳои камбизоат ва шахсони имконияташон маҳдуд кӯмаки яквақтаина расонида шуд.
Тавре аз Маркази хизматрасонии иҷтимоии шаҳри Бохтар хабар доданд, дар доираи ин иқдом ба 84 нафар аз қишрҳои ниёзманди ҷомеа маводи ғизоӣ тақдим гардид.
Ин ташаббус бо мақсади дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ амалӣ шуда, ба беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии оилаҳои ниёзманд мусоидат менамояд.
Бояд гуфт, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бахусус дастгирии оилаҳои камбизоат ва шахсони имконияташон маҳдуд, яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, нисбат ба ин қишри ҷомеа ҳамеша таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Раҳмоналӣ Додархӯҷаев
Бохтар



