Дар доираи таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар барои баргузории роҳпаймоии идона, паради ҳарбӣ ва барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ омодагиҳои густурда идома доранд.
Тавре раиси шаҳри Бохтар Муминзод Абдулмаҷид зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, дар роҳпаймоии идона иштироки 60 ҳазор нафар ба нақша гирифта шудааст. Ҳамзамон, дар паради ҳарбӣ беш аз 6 ҳазор нафар ширкат хоҳанд варзид.
Ба гуфтаи раиси шаҳр, пас аз анҷоми роҳпаймоӣ ва паради ҳарбӣ барномаи калони фарҳангию фароғатӣ баргузор гардида, дар он ҳунармандон ва даҳҳо ҳазор сокинону меҳмонон иштирок хоҳанд кард.
Мақомоти шаҳр таъкид мекунанд, ки барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои ҷашнӣ тадбирҳои зарурии ташкилӣ андешида шуда, омодагӣ ба таҷлили ин санаи муҳими миллӣ бо маром идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь