Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34-и ноҳияи Балҷувон боздид намуд.
Зимни боздид вазири маориф ва илм аз раванди таълиму тарбия, ҳолати синфхонаҳо, таъминоти моддию техникӣ ва ҷараёни баргузории дарсҳо шиносоӣ пайдо намуда, бо роҳбарият, омӯзгорон ва хонандагон суҳбат анҷом дод.
Дар ҷараёни шиносоӣ мутаассифона маълум гардид, ки қисме аз хонандагон дар дарсҳо ҳузур надошта, баъзе аз синфхонаҳо ва муҳити таълимӣ ба талаботи санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ нестанд.
Ҳамзамон, зимни суҳбат бо роҳбарияти муассиса ва омӯзгорон вазир ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, беҳтар намудани ҳолати санитарию гигиении синфхонаҳо, тақвияти назорат аз болои иштироки хонандагон, баланд бардоштани сифати таълим ва омодасозии хатмкунандагон ба имтиҳонҳои давлатӣ ва дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Балҷувон: Нигаронии вазири маориф ва илм
Блоки рекламавӣ


