Парлумони Тоҷикистон ҷазо барои ғайриқонунӣ буридани дарахт ва нобуд кардани ҷангалҳо сангинтар кард.
Ҷаримаи дарахтбурии ғайриқонунӣ аз 700 то 900 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё аз 54 то 70 ҳазор сомонӣ таъйин шудааст. То ин вақт ҳадди аксари чунин ҷарима 54 ҳазор сомонӣ буд.
Ҳамчунин ҷарима барои нобуд кардан ё зарар расондан ба бешазорон низ аз 40 ба 93 ҳазор сомонӣ боло бурда шуд.
Вакилон мегӯянд, ин тағйир аз маҳви дарахтону бешазорон пешгирӣ хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки барои сохтани биноҳои баландошёна дар шаҳру шаҳракҳои Тоҷикистон садҳо бех дарахт нобуд карда мешавад. Ҳамчунин камбуди сӯхт дар деҳот сабаби коҳиши бешазорон мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь