Аз 15 то 18 апрел дар ҷумҳурӣ зиёдшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ пешгӯӣ мешавад. Дар ин хусус Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳаво 15-16 апрел дар шаҳру ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бо сабаби омилҳои метеорологӣ (хокборише, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва шимолу ғарбӣ ба мамлакат ворид мегардад) ба амал меояд. Чунин ҳавои ифлос 17 ва 18 апрел дар шаҳру ноҳияҳои шимолӣ ва марказии вилояти Суғд низ пешгӯӣ мешавад.
Дар ин рӯзҳо баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), заррачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва заррачаҳои андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) дар назар аст.
15 апрел дар водиҳои ҷумҳурӣ пастшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 8-10 дараҷа дар назар аст. Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз сайругашти зиёди рӯзона дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои сернақлиёт худдорӣ кунанд.
Дар чунин ҳавои номусоид бемориҳои музмини роҳҳои нафаскашӣ ва намудҳои гуногуни аллергия (ҳассосият) авҷ мегиранд. Ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ба кӯдакон, пиронсолон, занҳои ҳомила ва шахсоне, ки бемориҳои диққи нафас ва қалб доранд, таъсири манфӣ мерасонад.
Шахсоне, ки дорои бемориҳои мавсимӣ мебошанд, ба мисли диққи нафас, ринити аллергикӣ, полиноз, бемориҳои ишемиявии дил, фишорбаландӣ ва бемориҳои системаи масуният дар чунин ҳаво бояд эҳтиёт кунанд. Зеро шахсони гирифтори бемориҳои системаи дилу рагҳои хунгард, бемории ишемиявии дил, фишорбаландии шарёнӣ ва бемориҳои тарбод дар чунин ҳаво азият мекашанд. Аз ин рӯ шахсони гирифтори чунин бемориҳо бояд дар беруни биноҳои истиқоматӣ камтар гарданд.

Аз хокбориш чаро бояд эҳтиёт кард?
Блоки рекламавӣ


