Дар доираи лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот», ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ аз ҷониби ҶСК «Помир Энерҷӣ» амалӣ гардида истодааст, дар деҳаҳои дурдасти ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 22 неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 13 мегаватт сохта шудаанд.
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар арафаи ин иди бузурги миллӣ ҶСК «Помир Энерҷӣ» тасмим гирифтааст боз 7 неругоҳи нави офтобиро бо иқтидори умумии 540 киловатт ба истифода диҳад.
Ҳамзамон, нахустин неругоҳи бодӣ бо иқтидори 200 киловатт дар деҳаи Тохтамиши ноҳияи Мурғоб ба истифода дода хоҳад шуд.
Татбиқи лоиҳаҳои мазкур қадами муҳим дар роҳи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, таъмини амнияти энергетикӣ, рушди «иқтисоди сабз» ва дастгирии аҳолии минтақаҳои кӯҳистони кишвар муҳим арзёбӣ мегардад.

Аввалин Неругоҳи бодӣ ба истифода дода мешавад
Блоки рекламавӣ


