Дар давлатҳои Иттиҳоди Аврупо низоми нави вуруд/хуруҷ — EES (Entry/Exit System) ҷорӣ гардид.
Низоми нави вуруд/хуруҷ- EES (Entry/Exit System) дар нуқтаҳои гузаргоҳҳои автомобилӣ, ҳавоӣ ва роҳи оҳан амал мекунад. Расман аз 10 апрели соли 2026 низоми нав бояд тамоми маҳали сарҳадҳои берунии Шенгенро пурра фаро гирад.
Барои шаҳрвандони мамлакатҳои сеюм, аз ҷумла Тоҷикистон ки ба хориҷа, ба минтақаи Шенген сафар мекунанд, ин хабар муҳим аст. Низоми нав дар ҳамаи 25 давлати Иттиҳоди Аврупо (ба истиснои Кипр ва Ирландия), инчунин дар Исландия, Норвегия, Швейтсария ва Лихтенштейн, ки ба Иттиҳоди Аврупо дохил нестанд, амал мекунад.
Мақсади навоварӣ назорати раванди хуруҷу вуруд мебошад. Аз ҷумла, расонаҳои расмии интернетии Иттиҳоди Аврупо ҳадафи низоми навро пешгирии зиёд шудани муҳлати будубош дар минтақаи Шенген таъкид мекунанд.
Протоколҳои EES аз воридшавандагон ва хориҷшавандагон чиро тақозо мекунанд?
Сухан дар бораи будубоши кутоҳмуддати шаҳрвандони мамлакатҳои сеюм дар минтақаи Шенген меравад. Низоми иттилоотӣ барои назорат кардани онҳое, ки ба Иттиҳоди Аврупо барои 90-180 рӯз меоянд, равона карда шудааст. Ба туфайли он, биометрия ва маълумот дар бораи ҳаракат ҳангоми ворид шудан ва баромадан аз минтақаи Шенген сабт карда мешавад.
Дар асл, сабти рақамии EES барои иваз кардани муҳри вуруд /хуруҷ дар шиносномаҳо пешбинӣ шудааст.
Низоми нав аз 12 октябри соли 2025 ба ҳукми амал даромад. Шуруъ аз ин сана ҷамъоварии маълумот дар нуқтаҳои убури марзҳои давлатҳои иштирокчӣ оғоз ёфт. Ин низом маълумоти дар ҳуҷҷати сафар мавҷудбуда, сана ва ҷои ҳар як воридшавӣ ва хориҷшавӣ, инчунин маълумоти биометриро дар саҳифаи худи EES ҷамъ меорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь