Баъд аз боз гардидани дарвозаҳои ду давлат, барқарор гардидани рафтуомади одамон, на танҳо аҳолӣ баҳри аёдату дидорбинии хешовандони хеш ба кишвари ҳамдигар мераванд, балки дар ҷодаи фарҳанг, иқтисодиёт, варзиш низ ҳамкориҳо вусъат пайдо намуданд.
Қаҳрамони лавҳаи мо Дилшод Бӯриев аслан зодаи деҳаи Порашти ноҳияи Фориш аст. Ӯ Донишгоҳи давлатии тарбияи ҷисмонии Ӯзбекистонро ба хатм расонида, дар Вазорати мудофиа кор мекунад. Баробари ин дар вақтҳои фориғ аз кор ба навъи гуштии миллии варзиш шуғл меварзад.
– Даҳ сол аст, ки ба ин навъи варзиш машғул ҳастам,- мегӯяд Дилшод, – таҳти сарпарастии устоди варзиш Олим Равшанов ба қувваозмоиҳо омодагӣ мегирам. То ин дам аз рӯйи 66 килограм вазни худ чемпиоини Осиё ва Ҷаҳон шудам.
Тавре Дилшод таъкид менамояд, падару бобоёни ӯ ба асптозию човандозӣ шуғл варзидаанд. Имсол дар як мусобиқаи бонуфуз, ки дар минтақаи Бадахшони Кӯҳии Ҷумҳурии ҳамсояи Тоҷикистон баргузор гардид, ширкат ҷуст ва дастболо шуд. Ба ӯ тӯҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – мошини сабукравро тақдим намуданд.
-Ман борҳо дар мусобиқаҳои кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистону Қазоқистон иштирок намудаам. Аммо ин дафъа, яъне тамошои кӯҳҳои осмонбӯси Помир, табиати пурафсуни он бандаро дар ҳайрат гузошт ва таассуротҳоям низ аз ин диёр беҳад калон аст.
Ният дорам,ки дар оянда низ ҳамин хел дастовардҳоро пай дар пай ба даст оварам. Ва волидон, ёру дӯстонамро аз ин шод гардонам, – гуфт Дилшод Бӯриев, ки ҳоло ҳамагӣ бисту шаш сол дорад.
Мо дар ин роҳ ба ӯ барору комёбиҳо хоҳонем.
Анорбой Назаров,
рӯзноманигор.
Вилояти Ҷиззах.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь