Аз 21 июн қатораи мусофирбар дар масири Душанбе — Маскав ба роҳ баромад.
Қатораи мусофирбар дар масири «Душанбе – Маскав», ки аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ташкил карда шудааст, дар ду ҳафта як маротиба ҳаракат мекунад.
Ҳаракати қатора дар масири Душанбе –Маскав рӯзи якшанбе, 21 июн соати 3:25 (вақти маҳаллӣ) ба роҳ баромада, рӯзи чоршанбе соати 22:08 ба истгоҳи Павелетскийи Маскав ворид мешавад. Аз Маскав 25 июн, рӯзи панҷшанбе, соати 6:05 (вақти Маскав) ба роҳ баромада, рӯзи душанбе, соати 2:48 (вақти маҳаллӣ) вориди Душанбе мешавад.
Вақти сафар тақрибан чор рӯзро дар бар гирифта, қатора аз ҳудуди Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон ва Русия мегузарад. Дар Бухоро, Нуқус, Кунграт, Кандиагаш, Актобе, Сол-Илетск, Оренбург, Самара, Сизрани, Кузнетск, Пенза, Ряжск, Скопина, Ожерелйе ва дигар маҳалҳои аҳолинишин таваққуфи қатора барои вуруд ва фуруди мусофирон пешбинӣ шудааст.
Мусофирон метавонанд чиптаҳоро 45 рӯз пеш аз ҳаракат ба расмият дароранд. Чиптаҳо аз Душанбе аллакай ба фурӯш бароварда шудаанд ва фурӯши чиптаҳо аз Маскав дертар оғоз мешавад.
Нархи чипта ба қатораи «Душанбе – Маскав» барои 21 июн дар вагони платскарт 2 ҳазору 617,6 сомонӣ (20 ҳазору 089 рубл) ва дар вагони купе 3 ҳазору 713,42 сомонӣ (28 ҳазору 499 рубл) муқаррар шудааст.

Қатораи Душанбе — Маскав ба роҳ мебарояд
Блоки рекламавӣ


