Асосгузори Telegram Павел Дуров дар рӯйхати байналмилалии ҷустуҷӯ қарор дорад, иттилоъ додааст Хадамоти федеролии амниятии Русия.
Ба гуфтаи ин ниҳод, ин шабака аз ҷониби мақомоти иктишофии Украина барои тарҳрезии ҳамлаҳои террористӣ ва куштори оммавӣ дар Русия фаъолона истифода шудааст. Муайян шудааст, ки хадамоти иктишофии Украина аз боти Telegram “Dayvinchik/Leo” барои ҷалби русҳо ба харобкорӣ тавассути фиреб ва фишори равонӣ истифода кардаанд. Аз моҳи июли соли 2025 инҷониб, 46 нафар аз 12 то 22-сола дар минтақаҳои гуногуни Русия бо гумони ҳамла ба нерӯҳои амниятӣ, оташ задани инфрасохтор ва интиқоли пул тавассути биржаҳои криптовалюта боздошт шудаанд.
Блоки рекламавӣ



