Кейр Стармер, сарвазири Англия рӯзи 15 июн эълон кард, ки истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ барои то шонздаҳсолаҳо манъ шуд.
Ӯ гуфт, ки ин шабакаҳо кӯдакон ва навҷавононро дар рӯбарӯи мӯҳтавои “хатарнок” қарор медиҳанд ва “барои мӯътод кардан тарроҳӣ шудаанд”.
Тибқи эълони ҳукумати Англия, ин мамнуият шомили платформаҳое чун Снапчат, Тикток, Ютуб, Инстаграм, Фейсбук ва Х мешавад, аммо шомили хадамоти паёмрасон монанди Вотсапп намешавад.
Нахуствазири Бритониё гуфт, ин мамуният зери таъсири таҷрибаи Австралия анҷом мешавад, ки дар моҳи декабри соли гузашта аввалин кишваре буд, ки дастрасии то 16-солаҳоро ба шабакаҳои иҷтимоиро манъ кард.
Кейр Стармер ибрози умедворӣ кардааст, ки оинномаи манъи истифодаи кӯдакон ва навҷавонон аз шабакаҳои иҷтимоӣ то охири декабри соли ҷорӣ қабул карда мешавад ва дар моҳҳои аввали соли оянда ба иҷро медарояд.
Канада ҳам истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои шахсони то 16-соларо манъ карда буд.

Англия: Тиктоку Ютуб манъ мешаванд
Блоки рекламавӣ


