Дар шаш моҳи соли 2026 дар хоҷагиҳои ҷангали вилояти Хатлон 323 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор гардидааст.
Зимни нишасти хабарӣ масъулони соҳаи хоҷагии ҷангал иттилоъ доданд, ки маблағи умумии ҷаримаҳои таъиншуда барои ин қонунвайронкуниҳо 215 ҳазору 868 сомониро ташкил медиҳад. Аз ин маблағ 151 ҳазору 814 сомонӣ ба суратҳисоби ҷаримаҳо ворид гардида, маблағи боқимонда дар марҳилаи баррасӣ ва рӯёндан қарор дорад.
Гуфта шуд, ки аз шумораи умумии қонунвайронкуниҳо 40 ҳолат ба буриши ғайриқонунии дарахтон марбут буда, маблағи ҷарима барои онҳо 140 ҳазору 922 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, 193 ҳолат ба чаронидани худсаронаи чорво, 12 ҳолат ба шикори ғайриқонунӣ ва 30 ҳолат ба дигар намудҳои қонунвайронкунӣ дар соҳаи ҷангал вобаста будааст.
Барои ҷамъоварии худсаронаи гиёҳҳои шифобахш низ ҷарима ба маблағи 9 ҳазору 975 сомонӣ таъин шудааст.
Масъулони соҳа иттилоъ доданд, ки дар ҳамин давра аз ҷониби хоҷагиҳои ҷангал 245 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 83 ҳазору 970 сомонӣ тартиб дода шудааст. Аз ин маблағ 77 ҳазору 184 сомонӣ, ё 92 фоиз, ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид гардида, қисми боқимонда дар марҳилаи рӯёндан қарор дорад.
Ҳамзамон, барои пешгирии сӯхтор дар ҷангалзорҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардидаанд. Аз ҷумла, дар масофаи 105 километр хатҳои нави зиддисӯхтор кашида шуда, 343 километр хатҳои мавҷуда таъмиру барқарор карда шудаанд.
Ба гуфтаи масъулон, ин тадбирҳо барои ҳифзи захираҳои ҷангал, пешгирии қонунвайронкуниҳо ва коҳиши хатари сар задани сӯхтор дар мавсими гарм мусоидат мекунанд.



