Марди ниқобпӯш дар шаҳри Подолски Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро бераҳмона латукӯб карда ва бинии ӯро бурид.
Иброҳимхон Ҳусейнови 21-сола аз Душанбе, ки дар як корхонаи халтабарорӣ дар Русия кор мекард, айни замон дар шифохона муолиҷа мегирад. Шахси ниқобпӯш шаби 20 ба 21-уми июн дар шаҳри Подолск ҳангоми бозгашт аз хонаи хоҳараш ногаҳонӣ ба ӯ дарафтодааст. Дар натиҷаи ин ҳамла муҳоҷири кории тоҷик аз гӯшу бинӣ ва пояш захмӣ шудааст.
Ёрии таъҷилӣ омада ӯро ба шифохонаи марказии Подолск бурд. Пизишкон гуфтанд, ки хуни зиёд рафтааст. Полис ҳам омаду пурсишҳои аввалияро барпо кард. Маълум нест, ки то куҷо ин ҳамла ангезаҳои нажодпарастона дошт, чун ҳамлавар ҳеч ҳарфе ба забон наовард, Сабабҳои ҳамла маълум нест. Худи Иброҳимхон Ҳусейнов ба полис гуфтааст, ҳамлаварро намешиносад, чун чеҳрааш пинҳон буд.
Ба гуфтаи пайвандонаш, Иброҳимхон Ҳусейнов чанд сол боз қонунӣ дар Русия кору зиндагӣ мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь