Дар натиҷаи доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони РКҶ ВКД шаҳрванд Маҳмудов Саидиброҳим Қудбудинович соли таваллудаш 1988 сокини шаҳри Кулоб богумони содир намудани ҷинояти қаллобӣ боздошт карда шуд.
Гумонбаршуда бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Самизода Раҳмони Алишер соли таваллудаш 1984 истиқоматкунандаи шаҳри Конибодом даромада аз моҳи сентябри соли 2025 то моҳи апрели соли 2026 аз ӯ дар 20-марҳила 298 ҳазор сомониро гирифта, ваъда додааст, ки бародари Самизода Р.А., Раҳмонов Акмал Самиевичро аз маҳкама озод менамояд, аммо маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Имкон дорад, ки Маҳмудов Саидиброҳим боз дар дигар лаҳзаҳои содир намудани ҷинояти қаллобӣ даст дошта бошад.
Вобаста ба ҳолати мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар пешбурди тафтишот қарор дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь