Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Валиев Сиёвуш Нуралиевич ҳамчун гумонбар дар ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуд.
Дастгиршуда гузаштаи доғдор дошта, гарчанде қаблан чандин маротиба бо ҷурми қаллобӣ ва азонихудкунӣ маҳбасӣ шудааст, вале аз ин хулосаи зарурӣ набароварда боз такроран даст ба мардумфиребӣ задааст. Номбурда бо ҳар баҳона аз соҳибкорон ва шаҳрвандон маҳсулот ва маблағҳои пулиро гирифта, ба онҳо ваъда медодааст, ки аз биноҳои навсохтмон манзили истиқоматӣ медиҳад. Инчунин Валиев Сиёвуш ҳуҷҷатҳои бо роҳи сохтакорӣ омодагардидаро ба ҷабрдидагон пешниҳод кардааст ва маблағҳои бо роҳи фиреб ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Шаҳрвандоне, ки аз ин нафар зарар дидаанд, метавонанд тавассути рақамҳои 931112505 ва 901610001 муроҷиат намоянд.



