Дар гузаргоҳи сарҳадии «Фотеҳобод – Ойбек» ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории намояндагони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шуд.
Дар ҷаласа роҳбарону мутахассисони воҳидҳои сохтории Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва ҳайати мақомоти гумруки Узбекистон иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии ҷаласа рушди минбаъдаи ҳамкории наздисарҳадӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти гузаргоҳи сарҳадии «Фотеҳобод – Ойбек» ва табодули таҷриба дар самти рақамикунонии расмиёти гумрукӣ арзёбӣ гардид.
Ҷонибҳо масъалаҳои васеъ намудани қобилияти гузаронидани гузаргоҳ, такмили равандҳои убури сарҳади давлатӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири рақамӣ дар маъмурикунонии гумрукӣ ва инчунин мубодилаи таҷриба дар самти табдили рақамии хизматрасониҳои гумрукиро баррасӣ намуданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба баррасии масъалаҳои мушкилоте, ки ҳангоми анҷом додани назорати гумрукӣ ва убури сарҳади давлатӣ ба вуҷуд меоянд, инчунин таҳияи механизмҳои муштараки ҳалли фаврии онҳо равона гардид.
Инчунин ҷонибҳо дурнамои ҷорӣ намудани назорати муштараки гумрукӣ тибқи принсипи «Як истгоҳ» дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, масъалаҳои суръат бахшидан ба мувофиқа ва имзои ҳуҷҷатҳои техникӣ вобаста ба истифодаи низомҳои электронии сертификатсияи пайдоиши молҳо, инчунин самтҳои минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаро муҳокима карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь