Беслан Катамардов соли 2005 дар шаҳри Душанбе аз падару модари тоҷик ба дунё омадааст. Падараш Шералӣ ном дошт ва исми писарашро ба хотири яке аз дӯстони қафқозии наздикаш, ки дар як ҳодисаи нохуш ба ҳалокат расида буд Бислан ном мегузорад.
Худи Бислан дӯст дмеорад, ки ӯро Юсуф садо кунанд. Хонаводаи Бислан чанд сол қабл ба шаҳри Тюмени Руссия мераванд ва дар ин шаҳр кору фаъолият мекунанд ва шаҳрвандии ин кишварро мегиранд. Беслан дар ҳамин шаҳр тамрини ҷудоро аз хурдӣ шурӯъ мекунад. Баъди ба даст овардани нишондодҳои назарас аввал ба мунтахаби ҷудои наврасон баъдан ба ҷавонони Русия интихоб мешавад .Ӯ дар муддати чаҳор моҳи охир соҳиби медали тиллои Ҷоми Урупо, баъдан тиллои қаҳрамонии ҷавонони то 21 солаи Урупо шуд ва ҳоло Қаҳрамони ҷавонони то 21 солаи ҷаҳон гардид . Вай нахустин тоҷикест, ки дар варзиши ҷудо аз тарафи Руссия Чемпиони ҷавонони ҷаҳон ва Урупо шудааст .Дар ҳамин ду мусобиқа аз мунтахаби Руссия ҳеҷ кас ба ҷуз Беслан муввафақ ба гирифтани медали тилло нашуд. Дар финали мусобиқоти ҷаҳонӣ Беслан паҳлавони ҷопониро дар 30 сония мағлуб кард. Бислан бисёр ҷавони хушахлоқ, дар берун аз майдон бисёр орому хоксор дар дохили майдон туфонӣ ва ҷанганда ва дарунанаш пур аз ғуруру ҳиммати тоҷикист . Чанд бор кӯшиш карданд, ки аз тарафи Тоҷикистон баромад кунад, вале ҷониби Руссия иҷозат надод
Мубораку фархунда бод қаҳрамонӣ!
Muhammadroziq Nematov, Tajik sport

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь