Бар асоси қонуне, ки рӯзи шонздаҳуми июн Президент Эмомалӣ Раҳмон имзо карданд, зиёда аз 18 ҳазор касро дар Тоҷикистон афв мекунанд. Аз ҷумла, 11 ҳазору 305 нафар аз зиндону боздоштгоҳ ва муассисаҳои сукунатӣ озод ва ё парвандаашон қатъ шуда, муҳлати ҷазои 6 ҳазору 733 тани дигар кам мегардад.
Афв дар пайванд ба солгарди 35-уми истиқлоли давлатӣ, ки нӯҳуми сентябр таҷлил мешавад, эълон гардид.
Ҳукумат онро “сиёсати инсондӯстона” номидааст, ки “ба шахсоне, ки даст ба ҷиноят задаанд, имкон медиҳад, ислоҳ шаванд, ба назди наздикону пайвандҳои худ баргашта, ба кору фаъолияти созанда машғул шаванд.”
Қонуни нави афв нисбат ба занону ноболиғон имтиёзҳои бештар додааст.
“Аз 507 зан, ки адои ҷазо менамоянд, 248 нафар аз адои боқимондаи ҷазо озод мегарданд ва нисбат ба 259 нафар муҳлати адои ҷазо кам карда мешавад. Аз 134 ноболиғе, ки адои ҷазо менамоянд, 99 нафар аз адои боқимондаи ҷазо озод гардида, нисбат ба 35 нафар муҳлати боқимондаи адои ҷазо кам карда мешавад,” .
Аз мақомот хоста шудааст, ки қонунро дар бораи афв дар давоми ду моҳ иҷро карда, зиндониёни раҳошударо бо кор таъмин кунанд ва ноболиғонро бо таҳсил фаро гиранд.
Дар Тоҷикистон бори охир моҳи марти соли 2025 афви тақрибан нуҳсад зиндонӣ эълон шуда буд. Аз он пеш, моҳи сентябри соли 2021 ва ба ифтихори 30-солагии истиқлол, ёздаҳуним ҳазор кас аз ҷавобгарии ҷиноӣ ва адои ҷазо озод гардида буданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь