Дар вилояти Бомён, ки ҳамчун “пойтахти картошка”-и Афғонистон эътироф шудааст, картошкаи тухмии навъи серҳосил дар қитъаи таҷрибавии 17 гектар шинонда шудааст. Ҳосили фаровон интизор меравад.
Афғонистон метавонад содироти картошкаро ба Ӯзбекистон оғоз кунад
Дар Кобул мулоқоти ҳайати Узбекистон ва волии вилояти Бомён, Ал-Ҳоҷ Қорӣ Гул Ҳайдар баргузор шуд.
Дар ин мулоқот имконоти иқтисодӣ ва кишоварзии вилояти Бомён, лоиҳаҳои умедбахши кишоварзӣ ва имкониятҳои густариши тиҷорати мутақобила баррасӣ шуд.
Таъкид гардид, ки лоиҳа барои баланд бардоштани ҳосилнокии картошка, ҷорӣ кардани технологияҳои муосири кишоварзӣ ва баланд бардоштани ҳамкории кишоварзӣ байни Ӯзбекистон ва Афғонистон ба сатҳи нав равона шудааст.
Ҷонибҳо инчунин имконияти содироти то 300 000 тонна картошкаи босифатро аз вилояти Бомиён ба Ӯзбекистон дар як сол баррасӣ карданд.
Пас аз мулоқот, барои тақвияти ҳамкории мустақим байни соҳибкорон, афзоиши ҳаҷми тиҷорати мутақобила ва татбиқи лоиҳаҳои нави муштараки кишоварзӣ тавофуқҳо ба даст омаданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь