Ким Кон Ҳи, ҳамсари Юн Сок Ёл,президенти пешинаи Кореяи Ҷанубӣ, бо гуноҳи ришвагирӣ ба 7 сол зиндон маҳкум шуд.
Додрас рӯзи 26-уми июн гуфт, “ӯ барои иҷрои хоҳишҳои сиёсии дигарон ҷавоҳироти гаронбаҳо гирифт.” Худи зан гуфтааст, аз рӯйи ҳукм шикоят хоҳад кард.
Додраси додгоҳи ноҳияи марказии Сеул, пойтахти Кореяи Ҷанубӣ, гуфт, “Ким Кон Ҳи бо истифода аз қудраташ ба ҳайси ҳамсари президент дар дарёфти вазифаву мақомҳо дар порлумон мусоидат карда, дар иваз подоши гаронбаҳо гирифтааст”.
“Ӯ беибо ришваҳои зиёде қабул мекард, дар ҳоле ки барои одамони одӣ барои харидани чунин чизҳо як умр вақт зарур аст,” — гуфт додрас рӯзи 26-уми июн.
Дар миёни ҷавоҳироти гаронбаҳое, ки ӯ гирифтааст, аз ҷумла гарданбанди маъруфи Van Cleef & Arpels, дастпонаи Tiffany, гӯшвори Graff ёд шудааст. Инчунин ӯ як сангпушти тилоӣ, сумкаи ширкати Dior ва соати ширкати Vacheron Constantin-ро бо арзиши беш аз 25 ҳазор доллар ва як наққошӣ гирифтааст. Додрас гуфтааст рафтори ҳамсари собиқ президент боварро ба шаффофияти таъйини мансабдорон ба вазифаҳои давлатӣ аз байн мебарад.

Ҳабси ҳамсари президенти собиқ Ким Кон Ҳи
Блоки рекламавӣ


