Рақобатҳои давраи дуюми марҳалаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026, ки дар се кишвар – Амрико, Канада ва Мексика ҷараён дорад, 22-юми июн дар гурӯҳҳои G ва H баргузор шуданд.
Дар гурӯҳи G мунтахаби Миср тими Зеландияи Навро бо ҳисоби 3:1 шикаст дода, аввалин пирӯзиашро ба даст овард. Бозии тимҳои миллии Белгия ва Эрон бидуни гол хотима ёфт.
Ин дуюмин мусовии футболбозони ҳарду кишвар дар ин мусобиқа мебошад. Дар ин гурӯҳ Миср бо чаҳор имтиёз дар мақоми аввал аст. Эрону Белгия дуимтиёзӣ ва Зеландияи Нав як имтиёз гирифтаанд. Ҳар чор даста муборизаро барои роҳ ёфтан ба даври плей-офф идома медиҳанд. Дар даври сеюм 27-уми июн соати 08:00 бо вақти Душанбе Зеландияи Нав бо Белгия ва Миср бо Эрон рақобат мекунанд.
Дар даври дувуми рақобатҳои гурӯҳи Н мунтахаби Испания тими Арабистони Саудиро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод ва бозии мунтахабҳои Кабо-Верде – Уругвай бо ҳисоби 2:2 ба поён расид.
Дар ҷадвали ин гурӯҳ Испания бо чаҳор имтиёз пешсаф аст. Уругвай ва Кабо-Верде дуимтиёзӣ, Арабистони Саудӣ як имтиёз доранд. Тимҳои миллии Мексика, Амрико ва Олмон, ки бо шашимтиёзӣ дар гурӯҳҳои худ мақоми аввалро касб кардаанд, ба даври плей-оффи Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 роҳ ёфтаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь