Рӯзҳои истироҳат вохӯриҳои даври якуми Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 идома карданд.

Бозиҳо бо натиҷаҳои ғайричашмдошт ба охир нарасиданд, гӯё ҳамаи вохӯриҳо бояд ин тавр ба охир мерасиданд. Дар бозии аввали мусобиқа дастаи мизбон Мексик ба дарвозаи дастаи Африқои Ҷанубӣ 2 голи бељавоб зад. Дар бозии дастаҳои Куриёи Ҷанубӣ ва Ҷумҳурии Чех аввалӣ бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Сипас, мизбони дигар Канада бо дастаи Босниё ва Ҳерзоговин мусовӣ – 1:1 бозӣ кард. Мизбони асосии мусобқа ИМА дастаи Парагвайро бо ҳисоби 4:1 ноком кард. Баъд, Қатар бо Швейсария ва Бразил бо Марокаш мусовӣ (1:1) бозӣ карданд. Ҳоитӣ аз Шотланд бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд. Австралия Туркияро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Дар бозии Олмон бо навдастаи Кюрасао ҳисоби бузург ба қайд гирифта шуд – 7:1. Ҷопон дар дақиқаҳои охир тавонист бо Нидерландҳо мувовӣ кунад – 2:2. Соҳили Оҷ тавонист дар дақиқаи охир бар Эквадор бо ҳисоби 1:0 пирӯз шавад. Боз як ҳисоби бузург дар бозии Шведсия бо Тунис буд, ки 5:1 бар нафъи дастаи аврупоӣ ба охир расид.

Имрӯз Испания бо Кабо-Верде, Белжик бо Миср, Арабистони Саудӣ бо Уругвай ва Эрон бо Зеландияи Нав бозӣ мекунанд.

Дар акс: Бозигари дастаи Кюрасао Ливано Комененсия, ки голи дастаашро зад

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь