Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиеёев ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба сохтмони аввалин энергоблоки нерӯгоҳи атомӣ дар Узбекистон оғоз бахшиданд.
Дар маросими баргузоршуда директори генералии агентии байналмилалии энергетикаии атомӣ Рафаэл Гросси иштирок кард.
Мирзиёев ба Владимир Путин ва Рафаэл Гросси барои дастгирии шахсӣ ва таваҷҷӯҳ ба татбиқи ин лоиҳа изҳори сипос кард. Ба мутахассисони Узбекистон ва Русия, ки дар таъсиси аввалин нерӯгоҳи атомӣ барои ҳамкорӣ ва касбияти баланд миннатдорӣ намуд.
Таъкид гардид, ки татбиқи лоиҳаи мазкур оғози марҳилаи нави рушди технологӣ, саноатӣ ва илмии Узбекистонро фароҳам оварда, барои рушди соҳаи нави энергетикаи атомӣ замина мегузорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь