Вакилони Ҳизби коммунисти Русия пешниҳод доранд, ки кӯдакони муҳоҷирони русзабонро аз имтиҳони забони русӣ озод намоянд. Лоиҳаи тарҳи қонун аллакай ба Думаи давлатии Руссия пешниҳод шуд.
Дар сурати қабули он, кӯдакони муҳоҷироне, ки забони модариашон русӣ аст, ҳангоми қабул ба мактаб аз супоридани имтиҳони ҳатмии забони русӣ озод мешаванд.
Муаллифон гуфтанд, кӯдакони хориҷие, ки забони модарияшон русӣ аст, аз назари фарҳангӣ ба русҳо наздиканд ва бо забони онҳо ҳарф мегӯянд.
Тибқи ин тарҳ, тартиби озод кардани чунин кӯдакон аз имтиҳони забони русиро Вазорати маорифи Руссия муайян месозад.
Блоки рекламавӣ



