Хобгоҳи рақами 8-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон охирин маҳалли зисти Бахтовар Расулови 19-сола буд. Пайкари овезони ӯро рӯзи 6-уми декабр яке аз ҳамхонаҳояш пайдо кардааст.
Бахтовар соли дуюм буд, ки дар бахши забонҳои Осиё ва Аврупои донишгоҳ мехонд. Ба нақли дӯстон ва ҳам наздиконаш, ӯ он рӯз аз дарс зудтар баргашта, дар милаи парда худро овехтааст. Вай пеш аз ҳодиса ба модараш дар ноҳияи Зафаробод занг зада, қарздор буданашро гуфтааст.
“Телефонбозӣ кардааст ё футбол, қарздор шудааст. Соли якум нағз хонд. Донишаш нағз буд. Тобистони имсол бо як-ду дӯсти мактабияш бозӣ карда, қарздор шудаанд. Ба модараш занг задааст. Мо гуфтем, пагоҳ ба Душанбе меравем, ҳал мекунем. Шояд падару тағоҳоям фаҳманд, шарманда мешавам гуфта, ҳамин корро кардааст,” – гуфтааст Шералӣ Расулов, падари Бахтовар рӯзи 8-уми декабр.
Масъулони донишгоҳ ва хобгоҳ ҳодисаро шарҳ надоданд. Дари ҳуҷраеро, ки дар он Бахтовар Расулов бо 5 донишҷӯйи дигар зиндагӣ мекард, мақомот муҳр зада, аз ҳамхонаҳояш баёнот гирифтаанд.
Донишҷӯ бозии букмейкерии варзиширо бохта, қарздор шудааст ва эҳтимол дар ҳолати рӯҳафтодагӣ ба ин амал даст задааст.
Ин бори аввал нест, ки майлу рағбати ҷавонон ба бозиҳои букмейкерӣ ба бохту қарздорӣ бо фоҷиа меанҷомад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь