Аз 21 то 29 сентябри соли 2026 дар шаҳри Бохтар даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад. Дар ин марҳила 34 довталаб шаҳри Бохтарро намояндагӣ мекунанд.

Тибқи иттилои Раёсати маорифи вилояти Хатлон, даври вилоятии озмун дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баргузор шуда, беҳтарин шоҳномахонон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят барои роҳхат ба даври ҷумҳуриявӣ миёни ҳам рақобат мекунанд.

Дар натиҷаи баргузории даври дуюми озмун, ки моҳи апрел дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор гардид, 629 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифтанд. Аз ин шумора 166 нафар мардон ва 463 нафар духтарону бонувон мебошанд.

Иштирокдорони озмун аз шаҳри Бохтар низ донишу маҳорати худро дар қироати «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ нишон дода, барои дарёфти роҳхат ба марҳилаи ҷумҳуриявӣ талош менамоянд.

Барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани даври сеюми озмун аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 200 ҳазору 600 сомонӣ ҷудо гардидааст.

Озмуни «Шоҳномахонӣ» ба тарғиби мероси адабии Абулқосим Фирдавсӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба мутолиаи осори классикӣ мусоидат мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь