Дар Ӯзбекистон шояд аксу наворгирии беиҷозаро манъ кунанд. Шумори ҷаҳонгардон кам намешавад?
Дар Ӯзбекистон базудӣ аксу наворгирии бидуни иҷозаро манъ мекунанд. Палатаи поёнии парлумони ин кишвар рӯзи 7 октябр тарҳи қонуни навро қабул кард ва дар паи он бояд Сенат ҳам назари худро баён намояд. Агар қонун қабул шуд, барои гирифтани аксу видеои шахс иҷозаи хаттӣ лозим мешавад, вагарна то 1364 доллар ҷарима ва ҳам мусодираи дастгоҳи аксу наворгирӣ таҳдид мекунад.
Агар акс дар кӯча бардошта шуд, бо онҳое, ки ҳамчун раҳгузар ва чеҳраи тасодуфӣ дар аксу навор сабт шудаанд, чӣ хоҳад шуд?
Дар қонун таъкид шудааст, ки ин меъёр ба хотири ҳифзи ҳаёти шахсии инсон аст. Як банди он зарурати доштани иҷозаи волидони то 16-солаҳоро ҳам талаб мекунад.
Ин қонун дар асл дар паи як силсила моҷароҳо бо иштироки ходимони милиса ва мақомдорони фасодхор қабул шуд, чун қонуншиканиҳои онҳо дар наворҳо сабт шудааст. Бори аввал пешниҳоди қабули чунин қонуни манъкунандаи нашри аксу видео бе иҷозати шахс соли 2020 баррасӣ гардида буд.
Тарҳи нави қонун боз амиқтар рафта мегӯяд, ки на танҳо аксу наворгирии беиҷоза, балки ҳифзи ин сабтҳо ҳам кори ғайриқонунӣ аст.
Ҷаҳонгардони ҷавонро натанҳо биноҳои қадимии хиштӣ ё мақбараҳо, балки ҳама вижагиҳои фарҳангии ҷаҳони Шарқ ба худ мекашад: ҳаёти рӯзмарра, расму суннатҳои маҳаллӣ, либоси миллӣ, тангкӯчаҳои шаҳрҳои қадим, бозору танӯрҳо. Яъне онҳо мехоҳанд, ки ҳамаи ин чизҳоро дар дастгоҳи худ ҳифз кунанд ва то ҳол ин корро бе ягон мушкил иҷро мекарданд. Вақт нишон хоҳад дод, вале шояд ҳам ин қонун боис шавад, ки туристони оянда аз сафар ба кишвар худдорӣ кунанд”.
Ба эҳтимоли зиёд пешниҳоди ба ин монанд қонун дар Тоҷикистон низ пешниҳод мегардад ё не, саволест ки кушода боқӣ мемонад

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь