Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гузоришҳоро дар бораи эҳтимоли ҷалби нерӯҳои Руссия ё Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) ба марз бо Афғонистон рад кард ва онҳоро “бофта” гуфт.
Хабаргузории “Рейтерс” 2-юми декабр бо такя ба се манбаъ навишта буд, ки Душанбе бо Маскав “дар бораи ҷалби нерӯҳо барои посбонии якҷоя аз марзи ноором бо Афғонистон гуфтугӯ дорад”.
Тоҷикистон ва Руссия узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ҳастанд ва дар Тоҷикистон пойгоҳи азими низомии Руссия ҷойгир аст.
Шоҳин Самадӣ, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 3-юми декабр дар посух ба дархости Радиои Озодӣ дар саҳифаи интернетии ин ниҳод навишт, ки “хабари мазкур бофта аст. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар фурсатҳои наздик вокуниши расмӣ медиҳад. “Рейтерс” бо пахши ин хабар ба хонандагони худ маълумоти носанҷидаро мерасонад.”
Баъдтар ВКХ дар изҳороти расмӣ дар сайти ВКХ навишт, ки “Тоҷикистон пайваста тадбирҳои заруриро, ки баҳри таҳкими боэътимоди сарҳади давлатӣ нигаронида шудаанд, амалӣ менамояд. Вазъият дар сарҳади давлатӣ муътадил боқӣ монда, таҳти назорати пурраи мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.”
Хабаргузории “Рейтерс” рӯзи 3-юми декабр бо нашри огоҳиномае гуфт, ба сабаби “кофӣ набудани далелҳо” гузоришашро дар бораи эҳтимоли ҷалби нерӯҳои русӣ ба марзи Тоҷикистон бо Афғонистон бардошт. Як рӯз пеш ин расона бо такя ба ду манбаъ навишта буд, ки гуфтугӯҳо бо Руссия ҷараён доранд ва эҳтимол “қарор ҳафтаи ҷорӣ мешавад”.
Дар як ҳафтаи охир аз хоки Афғонистон ба ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон ду ҳамла анҷом шуда, 5 шаҳрванди Чин кушта ва 5 тани дигар захмӣ гаштаанд. Онҳо дар як корхонаи заршӯйӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ва ширкати роҳсозӣ дар ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон фаъолият доштанд.

ВКХ ҶТ: Ба хабарҳои бофта бовар накунед!
Блоки рекламавӣ


