Президенти Амрико Доналд Трамп бар ин назар аст, ки “имкони хубе барои мувофиқа дар бораи ҳалли низоъи Руссия ва Украина рӯзи 28 декабр вуҷуд дорад. Дар ин рӯз Президенти Украина Владимир Зеленский ба мулоқоти Трамп, ба Флорида меояд.
“Ман фикр мекунам, ки ҳоло ҳоло мехоҳанд сулҳ банданд. Фикр мекунам, Ки Руссия низ мехоҳад ин корро кунад. Аммо ҳар дафъае, ки як тараф мехоҳад ин корро кунад, тарафи дигар не мегӯяд” – гуфт Президенти ИМА дар сӯҳбат бо New York Post.
Қаблан дар мусоҳиба бо Politico Доналд Трамп гуфта буд, ки ӯ ба зудӣ бо Президентҳои Руссия ва Украина сӯҳбат хоҳад кард. Дар шарҳи нақшаи сулҳ, ӯ гуфт, ки Владимир Зеленский “то он даме, ки ман онро тасдиқ накунам, ҳеҷ кор карда наметавонанд”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь