Президенти ИМА Доналд Трамп пас аз марг фаъоли консервативӣ Чарли Киркро бо медали “Озодӣ” мукофотонид. Ҷоизаро щамсари Кирк, – Эрик гирифт.
Маросими ҷоизасупориро Трамп чанд соат пас аз бозгашт ба кохи Сафед пас аз сафар ба Ховари Миёна доир карданд. Ба гуфтаи Президенти ИМА, ӯ фикр мекард, ки оё маросими ҷоизасупориро ба рӯзи дигар гузаронидан лозим аст, аммо ин корро накард, зеро ҷоизаро дар рӯзи 32-солагии Чарли Кирк тақдим кардан муҳим буд. Медали президентии “Озодӣ” мукофоти олии шаҳрвандии ИМА мебошад. Он ҳам ба амрикоиҳо ва ҳам ба хориҷиён барои саҳми барҷаста дар таъмини амният ва манфиатҳои миллии ИМА, ҳифзи сулҳ дар саросари ҷаҳон, инчунин саҳмгузорӣ дар фарҳанг ва дигар ташаббусҳои ҷамъиятӣ, давлатӣ е хусусӣ дода мешавад.
“Дар давраи аввали президентиаш Трамп – гуфт CNN, 24 нафар, аз ҷумла Элвис Преслиро бо медали “Озодӣ” мукофотонид.
Чарли Кирк-як фаъоли муҳофизакор, ҷонибдори Доналд Трамп-рӯзи 10 сентябр ҳангоми суханронӣ дар Донишгоҳи Юта кушта шуд. Тайлер Робинсон, 22-сола, бо иттиҳоми куштори Кирк боздошт шуд.
Дар маросими видоъ бо Кирк даҳҳо ҳазор нафар, аз ҷумла Президенти ИМА Доналд Трамп ва ноиби Президент Вэнс ҳузур доштанд.
Бо сабаби изҳори назар дар бораи куштори Кирк,журналисти маъруф Ҷимми Киммел муваққатан аз эфир хориҷ карда шуд ва ҳадди аққал шаш шаҳрванди хориҷӣ раводиди амрикоро аз даст доданд. Тавре ки Департаменти давлатӣ эълон кард,”ИМА вазифадор нест, ки хориҷиёнеро, ки мехоҳанд амрикоиҳо бимиранд, қабул кунад”.

Трамп Чарли Киркро пас аз маргаш медали “Озодӣ” дод
Блоки рекламавӣ


