Санаэ Такаити сарвазири Нави Ҷопон интихоб шуд ва аввалин зан дар таърихи кишвар дар ин вазифа гардид. Дар ин бора 21 октябр News Tv Asahi хабар дод. Санаэ 237 овози вакилони палатаи поёнро аз 233 овози зарурӣ барои интихоб шудан ба даст овард.
Аммо дар палатаи болоӣ барои пирӯзии вай як овоз нарасид, ки дар он 124 овоз лозим аст. Бо вуҷуди ин, тибқи қонунгузории Ҷопон, номзаде, ки аз ҷониби палатаи поёнӣ тасдиқ шудааст, ҳатто дар сурати шикаст дар палатаи болоӣ вазифаи сарвазирро ишғол мекунад. Барои қарори ниҳоӣ дар палатаи болоӣ даври дуюми овоздиҳӣ баргузор мешавад.
Такаити вазифаи сарвазири Ҷопонро ишғол кард ва 104-умин роҳбари Ҳукумат дар таърихи кишвар шуд. Сиёсатмадори 64-сола қаблан бо ақидаҳои консервативии худ маъруф буд: дар вазифаи вазири амнияти иқтисодӣ, вай ягона вазири кабинети вазирон буд, ки ба маъбади Ясукуни, ки бо милитаризми Ҷопон алоқаманд аст, ташриф овард. Аммо, пас аз интихоби Роҳбари LDP дар моҳи октябр, Такаити танҳо бо фиристодани хайрияи шахсӣ ба маъбад маҳдуд шуд. Сиёсатмадор аз наздикони сарвазири марҳум Синдзо Абэ буд, ки ӯро “ситораи консерваторҳо” меномид. Соли 2006 вай бори аввал ба Ҳукумат дохил шуд ва вазорати корҳои Окинава ва қаламравҳои шимолиро (номи ҷопонии ҷазираҳои Курили Ҷанубӣ) роҳбарӣ мекард.
Такаити ошкоро изҳор медорад, ки мехоҳад ба “хонуми оҳанин” – и Ҷопон Маргарет Тэтчер монанд шавад. Барномаи сиёсии вай шиорҳои “Таҳкими Ҷопон”, “Бозгашти кишвар ба қулла” ва “Пешбурди рукуд” – ро дар бар мегирад. Сарвазири нав ба масъалаи тағйир додани Конститутсия диққати махсус дода, ҷонибдори расман дар қонуни асосӣ мустаҳкам кардани мақоми қувваҳои мудофиа бо иваз кардани номи онҳо ба “Артиши мудофиа”мебошад.



