Roblox платформаи бозии кӯдакон дар Амрико аст. Рӯзи сеюми декабр корбарон дар Руссия бинобар мушкили дастрасӣ, натавонистанд ба ин бозӣ ворид шаванд.
Бозӣ дорои маводҳоест, ки метавонад ба тарбияву ахлоқи кӯдакон осеб ррасонад. Кӯдакон метавонанд дар ин бозӣ ба “табъизи ҷинсӣ” рӯ ба рӯ шаванд, чун ба иддаои “Роскомнадзор”, афроди кӯдакозор ё педофилҳо метавонанд аз ин бозӣ барои шиносоӣ ва ҷалби кӯдакон ба худ истифода баранд.
“Роблокс” ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ рӯзона ба таври миёна 151,1 миллион корбари фаъол доштааст, аз сӯи чанд кишвар, аз ҷумла, Ироқ ва Туркия бинобар нигарониҳо дар мавриди истифодаи “шикорчиён” аз ин платформа барои сӯистифода аз кӯдакон, манъ шудааст. Ин бозӣ дар Тоҷикистон ҳам миёни наврасон маъруф аст. Аммо то ҳол барои бастани он чорае дида нашудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь