Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 15 ҳазору 212 нафар нафақагирон мебошанд, ки аз онҳо то имрӯз 7 ҳазору 640 нафарашон ё 50,2 дарсадашон тариқи электронӣ аз нав ба қайд гирифта шуданд.
Сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Дилафрӯз Шоҳимардонзода гуфт, ки ба қайдгирии нафақагирон тариқи электронӣ дар асоси дастури Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои супориши Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми октябри соли 2025, №11 «Ҷиҳати гузаронидани азнавбақайдгирии нафақагирон тариқи шинохти чеҳра» ба роҳ монда шудааст.
Гуфта шуд, ки нафақахӯрон бояд дар иқдоми мазкур фаъол бошанду худро аз қайди барномаи электронии шинохти чеҳра ё Face ID дар маҳали зисти худ гузаронанд.
Ҳамзамон онҳо метавонанд, худро аз қайди шинохти чеҳра ё FeCe ID дар шаҳри Душанбе ё ягон шаҳру ноҳияҳои ҳудуди кишвар дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамон шаҳру ноҳия аз қайди ҳатмии шинохти чеҳра гузаранд.
Сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоии ва нафақаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ афзуд, ки аз ҷониби кормандони мо “нафақагирони маъюб дар манзилҳои зисташон аз қайди шинохти чеҳра ё FeCe ID” гузашта истодаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь