Вазири иқтисод ва дороии Ҷумҳурии исломии Эрон Сайид Алӣ Маданизода ва Сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён ба шаҳри Турсунзода омаданд. Меҳмононро раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам қабул кард.
Зимни ташрифи худ меҳмонон ба хоҷагии “Боғи Сомон” ташриф оварданд. Боғу токпарвари асил Муҳаммадамин Камолов ба меҳмонон оид ба таҷрибаи боғдории худ ва намудҳои ангурҳори шаҳдбор маълумот пешниҳод кард. Вазири иқтисод ва дороии Ҷумҳурии исломии Эрон ва Сафари Эрон дар Тоҷикистон зимни шиносоӣ бо фаъолияти боғу токпарварони шаҳри Турсунзода ба таҷрибаи деҳқонон баҳо доданд.
Меҳмонон аз намоиши навъҳои ангур ва тарзи омода намудани мавиз низ шинос гардиданд. Ҳамчунин таваҷҷӯҳи меҳмононро гӯшаи меваю сабзавот, растаи биринҷҳои гуногуннавъ ва растаи маҳсулоти ширинии аз ангур омодашуда ба худ моил кард.



