Дар байни 19 шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз иҷрои нақшаи нақша пахта баромад ва ин 10 шаҳру ноҳияҳои пахтакор аст, ки нақшаи ҷамъоварии пахтаро иҷро мекунад.
Имрӯз раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар маросими ҳавасмандгардонии хоҷагиҳои деҳқонӣ иштирок намуда, ба онҳо тӯҳфаҳо тақдим намуд.
Бояд зикр намуд, ки пахтакорони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дурнамои ҷамъоварии пахтаро 100 фоиз иҷро намуда, то имрӯз 16 ҳазору 600 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ кардаанд.
Зимни мулоқоти самимӣ бо хоҷагидорон ва раисони ҷамоатҳо раиси вилоят Давлаталӣ Саид иҷрои нишондоди дурнамои истеҳсолии пахтаро бо хушнудӣ пазируфта, ин дастоварди назаррасро ба онҳо ва кулли пахтакорони ноҳия табрику муборакбод намуд.
Дурнамои 19 шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон имсол 254300 тонна мебошад, ки ба ҳолати 20 октябр 228157,3 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ин баробари 90 дарсади дурнамои солона мебошад.
Дар байни 19 шаҳру ноҳияҳои пахтакор то ин имрӯз 10 шаҳру ноҳия – Левакант, Бохтар, Дустӣ, Ёвон, Данғара, Вахш, Хуросон, Ҷайҳун, Ҷалолиддини Балхӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ пурра аз иҷрои дурнамои пахта баромадаанд.

Хатлон: Даҳ ноҳия аз иҷрои нақшаи пахта мужда дод
Блоки рекламавӣ


