“Вақте Ки Месси, ман ва чанд бозигари дигар пеш аз Ҷоми Ҷаҳонии 2010 дар як ширкати нӯшокӣ таблиғ мекардем, Месси бо сокинони як деҳаи дурдаст дар ҷангалҳои Африқо вохӯрд, бо онҳо футбол бозӣ кард ва сипас бо оҳанги хеле ҷиддӣ ба ман гуфт:
“Диде, ту мебинӣ, ки ин одамон оби ифлос менӯшанд, ҳол он ки мо бо миллионҳо евро бозӣ мекунем?”
Рӯзи дигар ман аз директори ширкат шунидам, ки Месси тамоми ҳаққи таблиғи худро барои кофтани чоҳҳо барои деҳа, сохтани беморхонаи хуб, мактаб, майдончаи бозӣ ва ғайра хайр кардааст. Аҷибаш он аст, ки ӯ исрор кард, ки дар робита ба ин хайр номи ӯ дар ҳеҷ куҷо зикр нашавад.
Пас аз шаш моҳ, Месси духтур, муҳосиб ва муҳандисро ба деҳа фиристод, то боварӣ ҳосил кунад, ки пул ба муроҷиаткунандагон расидааст ва лоиҳаҳо воқеан амалӣ шудаанд.
Шумо медонед, ки кадом ибора то ҳол дар хотираи ман нақш шудааст?
Дар ҳавопаймое, ки боз ба Африқои Ҷанубӣ парвоз мекард, ман аз вай пурсидам:”Ин ҳама сир ба хотири чист?”
Ӯ бо саволам ҷавобе дод, ки ман ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳам кард:
“Зеро Африқо ба таблиғ ниёз надорад, ба амал ниёз дорад. Ва амалҳои воқеӣ ба шаҳодат ниёз надоранд!”
Бузургтарин голҳои Месси на ба дарвоза, балки ба хотири дили онҳое зада мешавад, ки ҳатто намедонанд, ки футбол чист!
Ва касе, ки футболро медонад, медонад, ки Месси беҳтарин бозигари таърихи футбол аст.”

Диде Дрогба: Беҳтарин голҳои Месси на ба дарвоза, балки ба хоири дилҳо зада шудааст
Блоки рекламавӣ


