Нақши маҳсулоти ғанишуда дар пешгирии бемориҳо
Имрӯзҳо масъалаи нигоҳдории саломатии инсон танҳо ба табобати бемориҳо маҳдуд намешавад. Тибби муосир бештар ба пешгирӣ аҳамият медиҳад, зеро маълум аст, ки пешгирии беморӣ осонтар ва арзонтар аз муолиҷаи он мебошад.
Яке аз роҳҳои муҳими ҳифзи саломатӣ — таъмин намудани организми инсон бо ғизои пурқимат ва дорои ҳамаи унсурҳои зарурӣ аст.Бо вуҷуди пешрафти соҳаи истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, қисми зиёди мардум ҳамоно аз норасоии витаминҳо ва микроэлементҳо ранҷ мебаранд. Сабаби ин бештар ба тағйир ёфтани тарзи ғизохӯрӣ, зиёд истифода шудани маҳсулоти коркардшуда ва кам гардидани ғизои табиӣ вобаста мебошад. Аз ҳамин ҷост, ки дар бисёр кишварҳо ба масъалаи ғанӣ гардондани маҳсулоти истеъмолӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Мафҳуми ғанигардонии ғизо илова намудани моддаҳои барои организм муҳим — аз ҷумла витаминҳо, оҳан, йод, калсий ва дигар микроэлементҳо — ба маҳсулоти ҳаррӯза мебошад. Ин амал барои он анҷом дода мешавад, ки инсон ҳатто ҳангоми истифодаи ғизои оддӣ низ моддаҳои заруриро қабул намояд. Масалан, имрӯз дар бисёр давлатҳо ба намак, йод, орд, оҳан ва кислотаи фолий, ба баъзе навъҳои шир бошад витамини D ҳамроҳ карда мешавад. Мутахассисони соҳаи тиб таъкид мекунанд, ки норасоии чунин унсурҳо метавонад боиси пайдоиши бемориҳои гуногун гардад. Камбуди оҳан бештар сабаби камхунӣ шуда, инсонро зуд хаста ва суст мегардонад. Норасоии йод ба фаъолияти мағзи сар ва ғадуди сипаршакл таъсири манфӣ мерасонад. Ҳамчунин, нарасидани витамини D метавонад рушди устухонҳоро халалдор созад, махсусан дар кӯдакон. Бартарии асосии маҳсулоти ғанишуда дар он аст, ки мардум бидуни иваз намудани одатҳои ғизоии худ аз онҳо фоида мегиранд. Яъне шахс ҳамон нон, шир ё намакро истифода мебарад, вале ҳамзамон барои саломатии худ моддаҳои муҳимро низ дастрас мекунад. Ин махсусан барои кӯдакон, занони ҳомила, модарони ширдеҳ ва шахсони калонсол бисёр муфид мебошад.Аз нигоҳи иқтисодӣ низ чунин тадбир фоидаовар аст. Агар бемориҳои вобаста ба норасоии витаминҳо ва минералҳо сари вақт пешгирӣ карда шаванд, хароҷоти давлат ва аҳолӣ барои табобат хеле кам мегардад. Бинобар ин, ташкилотҳои байналмилалии тандурустӣ истифодаи маҳсулоти ғанигардонидашударо ҳамчун яке аз роҳҳои муҳими беҳтар намудани саломатии ҷомеа тавсия медиҳанд. Аммо дар баробари манфиатҳо, масъалаи риояи меъёр низ муҳим мебошад. Истеъмоли аз ҳад зиёди баъзе витаминҳо метавонад ба организм зарар расонад. Барои ҳамин, истеҳсоли чунин маҳсулот бояд таҳти назорати қатъии мутахассисон қарор дошта бошад ва меъёрҳои илмӣ ҳатман риоя шаванд. Дар баробари ин, баланд бардоштани фарҳанги ғизохӯрии аҳолӣ низ аҳамияти калон дорад. Ҳар як инсон бояд донад, ки кадом ғизо барои саломатӣ муфид аст, кадом моддаҳо барои организм заруранд ва чӣ гуна бояд ғизои дурустро интихоб кард. Танҳо дар ҳамин сурат ҷомеа метавонад сатҳи бемориҳоро коҳиш дода, тарзи ҳаёти солимро густариш диҳад. Дар Тоҷикистон низ масъалаи беҳтар намудани сифати ғизо таҳти таваҷҷуҳи давлат қарор дорад. Солҳои охир як қатор барномаҳо барои пешгирии норасоии микронутриентҳо амалӣ гардида, ба беҳтар намудани сифати орд, намак ва дигар маҳсулоти асосии ғизоӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ҳадафи асосӣ— ҳифзи саломатии мардум ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад. Дар маҷмӯъ, истифодаи маҳсулоти ғанигардонидашуда яке аз роҳҳои муассири пешгирии бемориҳо ва таҳкими саломатии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Агар ин раванд дуруст ба роҳ монда шавад ва ҳамзамон маърифати ғизоии мардум баланд бардошта шавад, он метавонад барои ташаккули ҷомеаи солим заминаи устувор гузорад.
Юсуф Набӣ



