Хеле солҳо пештар, аз хотирам кам-кам рафта, шояд охирҳои асри гузашта буд, дар рафти яке аз Маҷлисҳои дар ИН Тоҷикистон баргузор шуда, нафаре аз пешгомони адабиётамон бо ҳузну нигаронӣ қайд карданд, ки: “Майдони адабиётамон то рафт холӣ мешавад…”
Устод Гулрухсор вақте аз як чорабинии фарҳангие аз кишвари Эрон баргаштанд,
ҳамчунон бо таасуф дар сӯҳбате бо ман гуфтанд, ки: “он ҷо дар маҳфиле ширкат варзиданд, ки маҳз ҷавонони навқалам, аз ҷумла духтаракон низ баромада чунон шеърҳое қироъат карданд, ки кас аз истеъдодашон дар ҳайрат мемонад” ва орзу карданд, ки кош аз миёни ҷавонҳои мо низ чунин истеъдодҳо мерӯиданд.
Аз ин миён беш аз 15 сол гузашт, ки Устод Гулрухсор дар доираи ташкилоти байналминалии “Фарҳангистони шеъри ҷаҳон”, ки худ муассису роҳбари он мебошанд, моро ба маҳфиле даъват карданд, ки ба шеъри шоирони ҷавон бахшида шуда буд.
Устод, ки дар садри он маҳфил нишаста буданд, бо қаноъатмандии том номҳои шоирони ҷавони дар маҳфил ширкаткунандаро, ки ҳар яке минбаъд бо навбат шеърҳои худро қироъат карданд, ҳозиринро шинос намуданд. Кам набуданд, аз ин байн якбора руҷӯъи се шоири ҷавони дар сухан нируманд, ҳар се бо як ном: Бузургмеҳр (насабҳояшон фарқкунанда) Бузургмеҳри Баҳодур, Бузургмеҳри Тоҷиддин ва Бузургмеҳри Ҳаким, баъдан Толиби Луқмону Мафтунаи Қосимзода, дар он миён Иброҳимҷони Дӯсталиро қайд намуда, ба ҳунари шоириашон баҳои баланд доданд ва ҳар якеро ояндаи дурахшони адабиёти имрӯзии мо ном бурданд.
Аз он рӯз аз ман бо ҳунари шоирии Иброҳимҷон шинос шудаму дар муаррифии нахустмаҷмӯъааш ҳамроҳ бо Устод Гулрухсор ширкат варзидем, ман Иброҳимҷони ҷону ҷигарро Есенини тоҷик номидам. Ҳам хӯйю хислати нарму ҳамида дораду ҳам дар навиштани шеъри воло, тарҷумаи адабӣ ва забондони дастболост. Зиҳӣ чунин модароне, ки чунин фарзандони қобилро барои ояндаи миллат ба дунё меоранду тарбияи хуб дода ба камол мерасонанд. Инҳо беҳтар аз ҳар ганҷеанд, ки сарзамини кӯҳсори ганҷзори мо дорад!
Зодрӯзи Иброҳимҷони азизро ба шахси худи ӯ ва ба ҳама миллати шеъру адабпарвари тоҷик самимона муборакбод мегӯям!
Барояш беш аз ҳама саломатӣ ва комёбиҳои беназири эҷодӣ таманно мекунам!
Манзили ту, маҳфили эҷод бод!
Шод аз ту Холиқу устод бод!
Оташи қалбат гулистони ҳунар,
Мазраи шеъри дилат обод бод!
Нуқра Суннатниё

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь