Дар чанде аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъоварии маблағ барои таъмири муассисаҳои соҳаи маориф оғоз гардидаст. Ин раванд боиси нигаронии баъзе волидон шудааст.
Ҳамасола дар охири соли таҳсил аз хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ маблағи таъмир ҷамъоварӣ карда шуда, ин раванд норозигии волидонро ба бор меоварад. Ин ҳам дар ҳолест, ки Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии охири худ гуфта, ки ҷамъоварии маблағ аз волидон барои таъмири муассисаҳои соҳаи маориф манъ аст. Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон низ гуфт, ҷамъоварии маблағ барои таъмири муассисаҳои соҳаи маориф аз волидон манъ мебошад.
Ҳамзамон аз Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар доданд, ки имсол аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилоят барои таъмири муассисаҳои соҳаи маориф 54,4 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Чанде аз волидони хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар ва Кӯшониён зимни суҳбат гуфтанд, ки дар шаҳри Бохтар барои таъмири мактабҳо 70 сомонӣ ва дар ноҳияи Кӯшониён 25-30 сомонӣ сари ҳар як хонанда маблағи таъмир ҷамъоварӣ карда истодаанд.
Ин дар ҳолест, ки масъулони шуъбаҳои маориф ва Раёсати маорифи вилояти Хатлон ҷамъоварии маблағи таъмирро пурра рад мекунанд.
Аммо аз мушоҳидаҳои мо ва суҳбат бо баъзе соҳибкорону шахсони саховатманд маълум шуд, ки онҳо мехоҳанд худ дар таъмири мактабҳо саҳм гузоранд, ки ин иқдоми хуб аст ва бояд ҳамкорӣ ва дасгирии соҳибкорон, шахсони саховатманд ва волидон бо муассисаҳои таълимӣ сурат гирад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь