Дар шарҳи мазкур маълумоти муосир оид ба тафовутҳои ҷинсӣ дар патогенез, манзараи клиникӣ ва оқибатҳои фишорбаландии шараёнӣ (ФШ), аз ҷумла шаклҳои аввалия (эссенсиалӣ) ва дуюминдараҷаи он, мунтазам карда шудаанд. Таъсири хромосомаҳои ҷинсӣ ва гормонҳои ҷинсӣ механизмҳои тафриқавии танзими фишори хун (ФХ), хусусиятҳои тақсимоти омилҳои хавфи дилу раг ва патологияҳои коморбидиро дар занон ва мардон муайян мекунад.

Муайян карда шудааст, ки хавфи пайдоиши оризаҳои дилу раг дар занон нисбат ба мардон дар сатҳи пасттари ФХ меафзояд, ки ин масъалаи мақсаднок будани истифодаи нишондиҳандаҳои махсуси ҷинсиро барои ташхиси фишорбаландӣ ба миён мегузорад. Диққати махсус ба ФШ-и дуюминдараҷа, ки тақрибан 10%-и ҳамаи ҳолатҳои фишорбаландиро ташкил медиҳад, бо тамаркуз ба омилҳои этиологии вобаста ба ҷинс равона карда шудааст: дисплазияи фибромушакии шарёни гурда, алдостеронизми аввалия, ихтилоли фишорбаландии давраи ҳомиладорӣ ва алоими апноэи обструктивии хоб. Тафовутҳои ҷинсӣ дар фармакокинетика ва самаранокии доруҳои зиддигипертензивӣ, инчунин мушкилоти назорати ФХ ва риояи тартиби табобат баррасӣ шудаанд.
Калидвожаҳо: фишорбаландии шараёнӣ, диморфизми ҷинсӣ, фишорбаландии дуюминдараҷа, коморбидият, гормонҳои ҷинсӣ, табобати зиддигипертензивӣ.
Умедҷон Абдуллоев, муовини директор оид ба корҳои табобатии Муассисаи давлатии Маркази саломатии шаҳрии № 4, шаҳри Душанбе

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь