Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод хабарнигори МТЖТ бо сартабиби беморхонаи мазкур Ҷобиров Суҳроб Шодиевич суҳбати ихтисосӣ анҷом дод ва фишурдаи он пешкаш мегардад.
Дар оғози суҳбат номбурда изҳор дошт, ки Беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод дар асоси дастуру ҳидоятҳои созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, протоколҳои Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Мушовара ва фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру қарорҳои раиси ноҳия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, баҳри беҳбудии сатҳ ва сифати хизматрасониҳои тиббию санитарӣ дар самти бистаринамоӣ ташхису муолиҷа бо истифода аз технологияҳои муосир, инчунин дигар тадбирҳо равона карда шудааст.
Беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ ташкилшуда ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин, Ҷобиров Суҳроб афзуд, ки Беморхонаи марказии ноҳия дар фаъолияти худ Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Оинномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
Беморхонаи марказии ноҳия шахси ҳуқуқӣ буда, дорои тавозуни мустақил, суратҳисоб дар бонкҳо, мӯҳри мудаввар бо дарҷи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи расмӣ, варақаҳои унвонӣ ва дигар реквизитҳо мебошад.
Воҳидҳои корӣ
Дар идомаи суҳбат мавсуф афзуд, ки дар ноҳия 1 беморхонаи марказӣ ва 2 беморхонаи минтақавии Мискинобод ва Меҳробод фаъолият мекунад, дорои 200-кати муолиҷавӣ ва 264 воҳиди корӣ иборат мебошад ва 303 нафар кормандон кору фаъолият мекунанд, аз ҷумла 235 зан воҳиди корӣ 264,0: Табибон 29,0 воҳиди корӣ, ҳамшираҳои тиббӣ 107,5 воҳиди корӣ, кормандони хурди тиб 85,25 воҳиди корӣ, дигарон 42,25 воҳиди корӣ.
Шумораи кормандони беморхонаи марказӣ 242 нафарро ташкил медиҳад, аз ҷумла занон 198 нафар, 44-нафар мард.
Табибон 25,0 воҳиди корӣ, шахсони воқеӣ 25 нафар. Ҳамшираҳои тиббӣ 91,5 воҳиди корӣ, 116 нафар шахсони воқеӣ, аз инҳо 102 нафар зан мебошанд.
Кормандони хурди тиббӣ 75,75 воҳиди корӣ, шахсони воқеӣ 74 нафар зан. Дигарон 21,75 воҳиди корӣ, шахсони воқеӣ 27 нафар, аз ҷумла 13 нафар зан. Ҳамагӣ 214,0 воҳиди корӣ, 242 нафар шахсони воқеӣ, аз ҷумла
198- нафар занон мебошанд.
Беморхонҳаи минтақавӣ
Номбурда тазаккур дод, ки дар беморхонаи минтақавии Мискинобод воҳиди корӣ 28,75, шахсони воқеӣ 36-нафар, аз ҷумла 21-нафар зан.
Табибон 2,75 воҳиди корӣ, шахсони воқеӣ 4-нафар. Коркунони миёнаи тиббӣ 10,5 воҳиди корӣ, шахсони воқеӣ 16-нафар.
Коркунони хурди тиббӣ, воҳиди корӣ 5,0, шахсони воқеӣ 6-нафар, дигарон, воҳиди корӣ 10,5, шахсони воқеи 10-нафарро дар бар мегарад.
Беморхонаи минтақавии Меҳробод, табибон -1,25 воҳиди корӣ, шахсони воқеӣ 1-нафар. Ҳамшираҳои тиббӣ 5,5 воҳиди корӣ, шахсони воқеӣ 9-нафар зан.
Кормандони хурди тиббӣ -4,5 воҳиди корӣ, шахсони воқеӣ 5 нафар. Дигарон 10,0 воҳиди корӣ, шахсони воқеӣ 10 нафар.
Таъминоти кадрӣ
Дар хусуси базаи кадрӣ мавсуф сухан карда, аз ҷумла қайд кард, ки яке аз вазифаҳои асосии соҳаи тандурустӣ таъмин намудани беморхонаи марказӣ ноҳия бо мутахассисони маълумоти олӣ ва миёнаи тиб мебошад.
Дар асоси нишондодҳои оморӣ дар беморхонаи марказӣ беморхонаҳои минтақавӣ 30 табиб, 141 нафар ҳамшираҳои тиббӣ фаъолият доранд.
Таъминотнокӣ бо табибон 2,5 ва кормандони миёнаи тиб 11,9 ба
10 000 аҳолиро ташкил медиҳад.
Баланд бардоштани савияи дониши амалӣ ва назариявии кормандони соҳаи тандурустии ноҳия ва як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд.
Дараҷанокии касбии табибон дар 3 муассисаҳои тандурустӣ ноҳия 33,3% ва кормандони миёнаи тиб бошад, таносубан 37,3%-ро ташкил медиҳад.
Бозомӯзии кормандон ва такмили ихтисоси табибон дар хориҷи кишвар аз ҷониби Шарикони рушд ва лоиҳаи “Хизматрасонии маҷмуи барои модар ва кӯдак” дар нақша аст. Ҳамзамон, курсҳои бозомӯзии “Сайёр” дар байни духтарон, момодояҳо ва ҳамшираҳои тиббӣ, оилавӣ давра ба давра гузаронда мешавад.
Азнавсозӣ
-Айни ҳол дар Беморхонаи маркарзии ноҳия аз тарафаи лоиҳаи “Хизматрасонии маҷмуи барои модар ва кӯдак” бо маблағҳои грантӣ аз тарафи Бонки рушди Осиё таъмири кулли беморхона ва инчунин сохтмони маркази ташхисӣ- табобатӣ бо суръат идома дорад ва дар марҳилаи анҷомёбист.
Аз тарафи лоиҳа ҳамчунин, муҷаҳҳаз гардондани шуъбаҳо бо таҷҳиҷотҳои тиббӣ дар назар аст,- афзуд номбурда.
Хизматрасонӣ
Мавсуф ҳамзамон қайд кард, ки дар семоҳаи якуми соли 2024 шумораи муроҷиаткунандагон 977 нафарро ташкил медиҳад, шумораи радшудагон 7 нафар, шумораи бистаришудагон 970 нафар дар беморхонаи марказӣ ва минтақавиҳо бистарӣ шудаанд ва шумораи рухсатишудагон 970 нафар.
Иҷрои нақшаи кори катҳо дар семоҳаи якуми соли равон 15600, нишондоди миёнаи бистарӣ шудани беморон 4,4 рӯзро ташкил медиҳад. Гардиш 4,8%, ҳисоби миёнаи катҳо -21,7%, ҳисоби миёнаи муолиҷа-4,4 рӯзро ташкил медиҳад.
Дар давоми 3 моҳаи соли 2024 дар бахшҳои ёрирасон ҳамагӣ шумораи муроҷиатшудагон 2998 нафар мебошад, аз ҷумла Физиотерапия -20 нафар, озмоишгоҳ -1461 нафар, ҳуҷраи СБД -274 нафар, рентген -845 нафар, ҳуҷраи маҳс -24 нафар, ҳуҷраи фаросавтӣ 374 нафарро ташкил медиҳад.
Шумораи ҷарроҳиҳо дар давоми моҳи феврали соли 2024 ҳамагӣ 31-амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шуд. Аз ҷумла, ҷароҳии рагҳои шараёни 3 нафар, аз ҷумла васеъшавии рагҳои варидии моядон 3 нафар, ҷарроҳии узвҳои ҳозима 27 нафар, аз ҷумла апендэктомия19 нафар, чураи киссанашуда 5 нафар, духтани реши меъда 1 нафар, спленэктомия 1 нафар, холесистэктомия 1 нафар, ҷарроҳиҳои пуст 1 нафар.
Назорат ва сифати хизматрасонӣ
-Комиссия оид ба сифат ва бехатарии ёрии тиббӣ ҳамчун мақоме созмон дода шудааст, ки вазифаи идоракунии сифат ва бехатариро дар беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод дар асоси фармоиши роҳбари беморхона амалӣ менамояд. Дар беморхонаи марказӣ нақшаву чорабиниҳо оид ба комиссияи сифат ва бехатарӣ аз тарафи роҳбари беморхонаи тасдиқ карда шудааст, вазифа ва фаъолият аз рӯи нақша ба зиммаи мудирон ва ҳамишираҳои калони шуъба вогузор карда шудааст.
Дар беморхонаи марказӣ фармоиш оид ба комиссияи сифат ва бехатарии ёрии тииббӣ таъсис дода шудааст. Ҳар семоҳа ҳисобот оид ба фаъолияти комиссияи сифат ва бехатарӣ гузаронида мешавад.
Масъулиятшиносӣ
Ҳамсуҳбати мо дар рафти суҳбат афзуд, ки дар ҳаёти инсоният нақши пизишк муассир буда, барои сиҳатмандиву пешгирии бемориҳои гуногун инсонҳоро ҳифз менамояд. Табиист, ки пизишкон тамоми донишу малакаи хешро баҳри беҳбудиву солимии ҷомеа сарф мекунанд, аз ин рӯ, кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Файзобод низ тайи солҳои зиёдест, ки барои мардум заҳмат мекашанду беморонро табобат мекунанду ноумедонро умед мебахшаду маризонро аз марг наҷот медиҳанд. Ҳамчунин, ҳамсуҳбати мо зимни суҳбат бо хабарнигори МТЖТ изҳор дошт, ки мо- табибон шабу рӯз дар андешаи мардум ҳастему муроҷаткунандагонро сарвақт ба мушкилоташон расидагӣ мекунем. Мавсуф бар ин андеша аст, ки табиб бояд пеш аз ҳама равоншиноси хуб бошад, то тавонад беморонро нахуст бо сухан оромишу руҳбаланд намояд. Ҳамчунин, кори аз он иборат аст, ки ба беморон чунон муомила кунем, ки беморон нахуст аз ҷиҳати равонӣ руҳбаланд шаванду навмедию ранҷро то андозае аз дилашон дур намоянд.
Нигора САИДБЕКОВА,
МТЖТ