Бемории сироятии коронавирус дар шаклҳои гуногун хурӯҷ кард: КОВИД-19,Sars n.kov-2,бандаи Дабӣ, штамми делта, омикрон, сурхакони ҳамдуна ва ғайра. Коронавирус хавфноктарин навъи вирус ҳисобида шуда, чун вабои аср шинохта шудааст. Коронавируси КОВИД-19 аввалҳои моҳи декабри соли 2019 дар ш. Вуҳани Чин, дар яке аз бозорҳои марказии ин шаҳр ҳангоми паҳнкунии ҳайвонҳои сироятёфта пайдо шуда, сипас дар як муддати кӯтоҳ тамоми кишвари Чинро фаро гирифт. Паҳнкунандаи онро кӯршабпарак ва морҳои заҳрнок гуфта буданд. Тибқи маълумотҳо, аввалин шахсони ба ин беморӣ дучоршуда меҳмонони минтақаи Вуҳан буданд ва чуноне баъдан аниқ гардид, ин намуди вирус аз як одам ба одами дигаре мегузарад. Маънои худи вирус, яъне вируси тоҷдор аст. Инфексияи коронавируси навъи КОВИД-19 дар як муддат тамоми дунёро фаро гирифта, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овард. Қисми зиёди корхонаҳоро фалаҷ гардонида, ҷони миллионҳо одамонро рабуд!
Ҳанӯз дар нимаи аввали асри 11 дар Хоразм бемории вабо пайдо шуда буд, ки давои онро А.И. Сино дарёфт. Махсусан, дар охири қарни 19 ва ибтидои асри 20 низ дар бархе маҳалҳои минтақа ин беморӣ сар зада буд. Танҳо бо кӯшишҳои зиёде оқибат вабо бартараф гардид ва имрӯз дигар дар кишвари мо вонамехӯрад. КОВИД 19-ро ҳам амсоли он медонанд, ки гуфтаанд ҳанӯз соли 1968 ба қайд гирифта шудааст. Охирҳои моҳи декабр-аввалҳои январи соли 2020 Тоҷикистонро ланге фаро гирифт, ки аксарият аз сулфаи шадиду дарди сар азият кашиданд. Пас аз чанде ҷаҳон бо вируси куруно даст ба гиребон шуд. Баъд аз паҳншавии КОВИД-19 дар аксари давлатҳо, моҳи апрели соли 2020 илтиҳоби шуш сар зада, махсусан баъди овардани муҳоҷирони тоҷик аз Федератсияи Русия, шуруъ аз 29.04.2020 он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба қайд гирифта шуд. 30 апрели соли 2020 тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 15 ҳодисаи тасдиқшудаи сироятии коронавируси КОВИД 19 ,аз ҷумла дар Суғд-10 ҳодиса ва дар Душанбе-5 ҳодиса аз намунаҳои биологии ҳодисаҳои гумонбар ба қайд гирифта шуд. Ҳамон вақт Бонки умумиҷаҳонии Рушд(СММ) 2-4 трлн. бар асари КОВИД-19 зарар дид. Дар лаҳзаҳои аввали пайдоиши ин беморӣ ҳазориспандро барои пешгирӣ муфид меҳисобанд. Ҳамчунин, гуфта шуда буд, ки 85%-и беморони КОВИД 19 бидуни муолиҷа сиҳат меёбанд. Дар тамоми гӯшаву канори дунё барои пешгирии вирус доруву даво ва асбобҳои зиёде сохта шуданд. Дар Тоҷикистон ваксинаҳои Астразенека, Коронавак, Мадерна, Спутник ба қисми зиёди шаҳрвандон гузаронида шуд!
Коронавируси нав бошад миёнаҳои моҳи майи соли 2020 дар музофоти Шуллаи Ҷумҳурии Мардумии Чин пайдо шуда, хело хавфнок ба ҳисоб мерафт, зеро дар 27 рӯз муайян мегардид. Инчунин, табобаташ низ ҳамчунон душвор буд. Он бо номи SARS n.kov-2 маълум аст. Чин барои касони махсусан аз пандемияи КОВИД-19 зарардид мебоист маблағ биспорад.
Ҳамчунин, навъҳои дигари вирус низ дар кишварҳои гуногуни сайёра хурӯҷ карданд. Штамми делтаи ҳиндӣ аз моҳи июни соли 2021 дар Тоҷикистон сар зада, моҳҳои сентябр-октябр шумораи гирифторон хело коҳиш ёфтанд ва ин беморӣ чун маризии мавсимӣ амал мекард.
Аввали моҳи декабри соли 2021 штамми нав бо номи омикрон аз минтақаи Африқо сар зад, ки нишонаҳояш аз гулую дарди сар шуруъ мегардид ва он мисли штамми делта тибқи алифбои юнонӣ номгузорӣ шудааст. Ибтидои моҳи январи соли 2022 омикрон дар Тоҷикистон низ пайдо шуд.
Роҳи ягонаи наҷот дар ваксинакунонии аҳолӣ буд, ки ин ҳадаф низ амалӣ карда шуд. Як вояи ваксина метавонад як умр як оиларо наҷот диҳад, чунин иброз доштаанд мутахассисон!
КОВИД 19-ро ҳамчун вируси сунъисохт низ ҳисоб мекунанд. Чуноне маълум гардид, соли 2015 олимони ИМА ҳамроҳи мутахассисони Вуҳан коронавируси сунъӣ эҷод карда будаанд. Шояд ковид 19 аз он вируси сунъӣ пайдо шуда бошад. Аввалин ҳисоботҳо дар бораи хуруҷи беморӣ дар Чин 31.12.2019с та вуҷуд омада ва аввалин зуҳуроти клиникӣ дар беморон ҳанӯз 8 декабр пайдо шуда буданд.
11 марти соли 2020 СҶТ эълон кард,ки хуруҷи КОВИД- 19 дунёгир шуд ва пас аз ду рӯз Аврупо дар маркази дунёгирии он қарор гирифт. Дар он ҷо ҳар рӯз нисбат ба авҷи эпидемия дар Чин бештар сироятҳои нав ба нав ба қайд гирифта мешуданд. Амрико бо шумораи баланди сироятёбӣ дар як муддати кӯтоҳ рекордро зад…
Имрӯз ҷаҳон ва одамони дунё ба ҳолати муқаррарӣ баргаштанд ва низ гуфта шуд, ки ин вирус минбаъд ба як вируси мавсимӣ табдил хоҳад ёфт. Ҳамчунин, пайдо гаштани чунин вирусҳоро дар солҳои баъдӣ низ олимон тахмин задаанд. Ба ҳар ҳол ҷомеаи ҷаҳонӣ бо як душворӣ ва асосаш хушбахтона онро паси сар кард. Ҳол он ки талафоти зиёде дид. Дар Тоҷикистон махсусан ин вирус ҷони чандин шахсиятҳои бузург ва шаҳрвандони мамлакатро рабуд. Талафоте, ки дар ду соли ахир ба қайд гирифта шуд, риштаи умри чандин санъаткорону аҳли ҳунару илмро канда кард, аз қабили Қурбоналӣ Абдуллоев, Фотима Ғуломова, Раҳмондӯсти Қурбониён, Савринисо Сабзаалиеа, Мунира Ҳакимова, Убайдулло Раҷабов, Қурбоналӣ Раҳмон ва дар шумори инҳо чандин талафотҳои бузург! Чунин шумораҳо дар сайёра низ кам нестанд. Вале шукр, ки имрӯз замони осоишта ваҳаёти муқаррарӣ боз омад!
Беҳрӯз САЙФУЛЛОЕВ,
донишҷӯ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь