Соҳаи тандурустӣ яке аз соҳаҳои муҳим дар ҷомеа маҳсуб ёфта ҳамарӯза сокинон баҳри шифо ёфтан ба дарди худ ба беморхонаву “поликлиника” мераванд.
Санаи 24-уми июли соли равон барои аз муоинаи тиббӣ гузаронидани фарзандам, ки имсол ба мактаб меравад, ба маркази ноҳияи Деваштич омадам. Инҷо нахуст бояд таҳили хун супорид, пас аз он метавон аз дигар муоинаҳо гузашт.
Намедонам аз чӣ сабаб бошад дар як ноҳияи калон танҳо дар маркази ноҳия метавон таҳлили хун супориду халос. Дар ҳоле, ки тамоми ҷамоатҳои ноҳия дорои беморхона мебошанд. Вале мардум аз тамоми гӯшаи ноҳия инҷо пушти дари таҳлилгоҳ маъруф ба ҳуҷраи рақами 18 воқеъ дар Маркази саломатии ноҳиявӣ, дар интизори навбати худ истодаанд. Ба ман рақами 81 расид, бинобар ҳамин то қариби бегоҳ мунтазири расидани навбати худ ва супоридани таҳлили хун вақт рафт.
Дар баробари ман буданд дигар нафароне, ки аз субҳ ба инҷониб пушти дари таҳлилгоҳ интизори мекашиданд. Бояд гуфт, новобаста аз оне, ки супоридани ташхиси хун барои шахси бемор, хонандаи синфи як ва ё корманди давлати, ҳама дар ҳаминҷой суръат мегирад. Акнун тасаввур кунед ҳамарӯза садҳо нафар пушти дари ташхисгоҳ сарсону саргардон. Вале инҷо низ нафарони бо кормандони тиб шинос буда тавонистанд бидуни навбат вориди ташхисгоҳ шаванду чун ҳарвақта мардуми оддӣ паси дар дар интизори навбати худ.
Дар баробари ин новобаста аз он, ки барои супоридани ташхиси хун дар даромадгоҳ аз ҳар як нафар маблағ мегиранд (бо додани чек) боз ҳангоми дохил шудан бо баҳонаи пур кардани дигар намуди ташхисҳо аз ҳар як нафар 10 сомонӣ меситонанд, ки ин албатта бидуни пешниҳоди чек суръат мегирад.
Дар умум барои гузаштан аз муоинаи тиббӣ барои рафтани кӯдак ба синфи якум, 170 сомонӣ маблағ сарф шуд. Аз ин маблағ ҳамагӣ барои 95 сомон чек доданду халос. 85 сомонӣ барои ташхиси хун (бо чек), 10 сомонӣ барои пур кардани ҳуҷҷатҳо дар ташхисгоҳ, 45 сомонӣ барои кушодани “таърихи беморӣ”, 10 сомонӣ барои ба дафтар қайд намудан дар Шуъбаи оилавии Маркази саломатии ноҳияи Деваштич, 10 сомонӣ бо додани чек дар СЭС ва бо 10 сомонии дигар бидуни чек дар ҳаминҷой.
Барои фаҳмидани он, ки оё намешавад дар ҳар ҷамоат чунин нуқтаҳоро ташкил кард. Ба роҳбари ШМКАТС-и ноҳияи Деваштич Туйчиев занг задам, вале эшон ба занг ҷавоб надоданд.
Инҷо суоле ба миён меояд, ки чаро дигар беморхонаҳо иҷозати гирифтани чунин ташхисро надоранд? Набудани таҷҳизот ё чизи дигар? Суолест беҷавоб ё шояд ҷавоб дораду масъулин шаҳр додан намехоҳанд?
Мушкили дигар ин набудани духтур мебошад
Яке аз мушкилҳои дигар дар соҳаи тандурустии ноҳия ин норасоии кадрҳо мебошад. Бо роҳхати беморхонаи ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонӣ беморро ба шӯъбаи сироятии ноҳия овардем. Вале онҷо духтури навбатдор набуд. Бинобар ҳамин ҳам маҷбур шудем аз шӯъбаи кӯдакона духтур даъват намоем.
Бо умеди беҳтар шудани вазъ дар ин соҳа мебошем ва умедворем мушкилиҳо дар ояндаи наздик бартараф мегардад.
Бахтиёр Раҳматуллоев



